Ошкор шудани ҷинояти замони ҷанги шаҳрвандӣ

Кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар ғоратгарӣ замони ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ, сокини 37-солаи ноҳияи Ҷиргатол Баҳромҷон Қаландаровро ба ҳабс гирифтанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, соли 1998 Б.Қаландаров ба гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ таҳти раҳбарии айни замон маҳкумшуда Ҳокимбек Ҳомидов шомил будааст. Моҳи декабри соли 1998 Б.Қаландаров ва 4 […]



Кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар ғоратгарӣ замони ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ, сокини 37-солаи ноҳияи Ҷиргатол Баҳромҷон Қаландаровро ба ҳабс гирифтанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, соли 1998 Б.Қаландаров ба гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ таҳти раҳбарии айни замон маҳкумшуда Ҳокимбек Ҳомидов шомил будааст.

Моҳи декабри соли 1998 Б.Қаландаров ва 4 нафар ҳаммаслакони ӯ мусаллаҳ бо автоматҳои Калашников ба манзили сокини ноҳияи Рӯдакӣ Теша Маҳмудов ворид шуда, бо таҳдиди зӯроварӣ аз ӯ ҷавоҳиротҳои тиллогин ва молу ашёҳои рӯзгор, ҷамъ ба маблағи 800-доллари амрикоӣ ва 327 ҳазор рублро тасарруф намуда, охиронро лату кӯб намудаанд.

Худи ҳамон шаб ин гурӯҳи мусаллаҳ ҳамчунин вориди хонаи истиқоматии сокини дигари ин ноҳия Шамсиддин Исматов шуда, бо истифода аз силоҳи оташфишон, бо роҳи таҳдиди истифодаи зӯроварӣ аз ӯ 200 ҳазор рублро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.