Оғози мурофиаи баррасии парвандаи Шуҳрат Қудратов

Дар суди шаҳри Душанбе ҷаласаи нахустини судӣ оид ба баррасии парвандаи адвокат Шуҳрат Қудратов, ки Агентии зиздифасод ӯро дар додани пора муттаҳам медонад, оғоз гардид. Раҳматилло Зойиров, адвокати боздоштшуд Шурат Қудратов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуда, ки ӯ бо дархости мавқуф гузоштани оғоз мурофиаи судӣ то соати 14-99 ба суд муроҷит намудааст, то […]



Дар суди шаҳри Душанбе ҷаласаи нахустини судӣ оид ба баррасии парвандаи адвокат Шуҳрат Қудратов, ки Агентии зиздифасод ӯро дар додани пора муттаҳам медонад, оғоз гардид.

Раҳматилло Зойиров, адвокати боздоштшуд Шурат Қудратов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуда, ки ӯ бо дархости мавқуф гузоштани оғоз мурофиаи судӣ то соати 14-99 ба суд муроҷит намудааст, то ки барои шинос шудани бо маводи парванда фурсат ёбад.

«Маро огоҳ карданд, ки имрӯз мурофиаи нахустин аз рӯи парвандаи зерҳимояи ман доир мегардад, вале маводи паврандаро пешакӣ ба ман ндоданд, то ки ман бо онҳо шинос шавам, – гуфт ӯ ва илова намуд, ки айни замон ӯ машғули омӯзиши маводи парвнада аст.

Раёсатро дар мурофиаи мазкур судя Одинаев ба уҳда дошта, дархости Зойировро қонеъ кардааст.

Ёдрас мекунем, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ дар робита ба сабабҳои боздошти адвокат Шуҳрат Қудратов рӯзи 23-юми июл 

маълумоти расмӣ 

интишор намуд.

Сипас Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон қарор кард, ки раиси ҳизб, ҳуқуқшинос Раҳматилло Зойиров муовини худ Шуҳрат Қудратовро 

шахсан ҳимоят мекунад

. Раҳматилло Зойиров дар робита ба боздошти ӯ 

изҳор намуд,

 ки Шуҳрат Қудратов эътироф намудааст, ки аз зерҳимояи худ маблағи пулӣ гирифтааст, вале на барои порадиҳӣ ба судя.

Баъдан ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, намояндагони иттиҳодияҳои адвокатӣ, ҳамчунин аъзои Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон дар робита ба боздошти адвокат Шуҳрат Қудратов 

изҳорот пахш намуда,

 аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват карданд, ки парвандахои Ш.Қудратов ва Ф.Зокиров мунсифонаву беғараз баррасӣ карда шаванд.

Рӯзи 25 июл адвокат Шуҳрат Қудратов аз боздоштгоҳи тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО) гузаронида шуд.

Зимни нишасти хабарии рӯзи 30-юми июли соли ҷорӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Абдуфаттоҳ Ғоиб изҳор намуд, ки ба гунаҳкор будани адвокат Шуҳрат Қудратов

шубҳа надорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.