Имрӯз аз ҳабси собиқ фармондеҳи Гвардияи президентии Тоҷикистон, собиқ директори Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти ҷумҳурӣ генерал-лейтенант Ғаффор Мирзоев расо 10 сол сипарӣ мешавад.
Рӯзи 6-уми августи соли 2004 ӯ аз ҷониби гурӯҳи кормандони Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон таҳти фармондеҳии он замон раҳбари ин даста Олег Захарченко дар ҳавлии бинои Агентӣ ба ҳабс гирифта шуд.
Колеггияи судии Суди олии Тоҷикистон 11-уми августи соли 2006 Ғаффор Мирзоевро ба ҳабси абад маҳкум намуд.
Колллегияи ҳарбии Прокуратураи генералии Тоҷикистон собиқ генералро дар содир намудани 112 ҷиноят аз рӯи 34 моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ, аз ҷумла терроризм, ташкили се куштор, кӯшиши ошӯби низомӣ, нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа, суистеъмол аз мансаби хизматӣ ва ғайра гунаҳкор донист.
Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар (солҳои 1992-1997) Ғаффор Мирзоев яке аз қумондонҳои маъруфи Фронти халқӣ маҳсуб меёфт.
Пас аз ҳабси Ғаффор Мирзоев қариб тамоми амволи дар қаламрави Тоҷикистон қарордоштаи ӯ ба нафъи давлат мусодира гардид. Бародарӣ ӯ Абдурасул Мирзоев бо дархости ҳукумати Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб боздошт ва ба ихтиёри Тоҷикистон супурда шуд.
Суди олӣ А.Мирзоевро барои нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳаи оташфишон, кӯшиши табадуллоти давлатӣ ва ғоратгарӣ ба 23 соли зиндон маҳкум кард. Пас аз фирор аз тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ дар моҳи августи соли 2010 ҳамроҳи 25 нафари боздоштшудагони дигар, ӯ ба муҳлати 30 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Панҷ соли ин муҳлатро А.Мирзоев дар ҳуҷраи якнафараи низоми шадид паси сар мекунад.
Аз замони ҳабси Ғаффор Мирзоев дар Тоҷикистон аз ҷониби президенти ҷумҳурӣ се маротиба афв эълон шуд, вале ҳеҷ кадоме аз он нисбати ӯ мавриди амал қарор нагирифт.



