Маматалиев аз муноқишаҳои марзӣ бо Тоҷикистон дар тааҷҷуб аст



Муовини нахуствазири Қирғизистон аз он изҳори тааҷҷуб кардааст, ки чун ҷиҳати сохтмони роҳи наздимарзӣ бо Тоҷикистон чораҷӯӣ мешавад, дарҳол дар марз муноқиша рух медиҳад. Дар ин бора хабаргузории қирғизии


24KG


иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи муовини нахуствазир, намояндагони Қирғизистон ҳамроҳ бо ҳамтоҳои тоҷики худ бояд рӯзи 10-уми июл ба макони сохтмон ҳозир шуда, корро оғоз мекарданд, лекин ба иллати муноқиша он ба муҳлати дертар мавқуф гузошта шуд.

«Чун мо ба чораҷӯӣ оғоз мекунем, муноқишаҳои наздимарзӣ ба вуқӯъ мепайванданд. Мо сабаби инро натанҳо аз Тоҷикистон, балки аз хадамоти махсуси худамон ҳам ҷӯё мешавем, вале то ҳол посухе нест», – қайд кардааст Абдураҳмон Маматалиев.

Ба қавли ӯ, нерӯҳои манфиатдоре ҳастанд, ки муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва оғози сохтмони роҳро намехоҳанд.

Аммо ӯ зикр кардааст, ки муноқишаи ахири рухдода рӯзи 9-уми август ба сохтмони роҳи Кӯктош – Оқсой – Тамдик ҳеҷ муносибате надорад. «Айни замон вазъ ба эътидол оварда шуда, сохтмон рӯзҳои наздик шурӯъ мешавад. Гурӯҳи кории мо таҳти раҳбарии намояндаи махсуси ҳукумат Қурбонбой Искандаров ва муовини вазири нақлиёт дар вилояти Ботканд қарор дошта, вазъро пайгирӣ доранд», – гуфтааст ӯ.

Бино ба маълумоти Хадамоти давлатии марзбонии кишвари ҳамсоя, аз оғози соли 2014 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 37 муноқишаҳо рух додаанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузашта дар марзи давлатии кишварҳо ҳамагӣ 33 муноқиша ба қайд гирифта шуда буд. Муноқишаи ахир рӯзи 9-уми август дар қаламрави Тоҷикистон, маҳаллаи аҳолинишини Тупакӯл (мавзеи пиряхи Лайсуу) миёни дастаи марзбононони Тоҷикистон ва се нафар шахсони мусаллаҳи аспсавор рух дода, дар натиҷаи тирпарронӣ миёни ҷонибҳо яке аз шаҳрвандони қирғиз кушта ва ду нафари онҳо боздошт шуданд.

spot_imgspot_img

Популярное