Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев муовини аввали раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Русия оид ба сиёсати аграрӣ ва озуқаворӣ ва истифодаи захираҳои табиӣ Сегей Лисовскийро бо дархости ӯ ба ҳузур пазируфт.
Ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шавкат Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки дар форуми байнипарлумонии мохи октябр дар Маскав масъалаи афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва ғизоӣ аз Тоҷикистон ба Русия баррасӣ мешавад.
«Таъкид гардид, ки истеҳсолкунандагони русиягӣ ният доранд, ки ба Тоҷикистон технологияҳои навтарин оид ба истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзиро таҳвил дода, ба ташкили марказҳои хизматрасонӣ оид ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ мусодиат намоянд ва ҳамчунин барои афзоиши имконоти Тоҷикистон дар содироти маҳсулоти кишваорзӣ ва ғизоӣ маблағгузорӣ кунанд», – қайд кард Саидов.



