Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ва адвокати Шуҳрат Қудратов дар робита ба дастрасӣ надоштанаш ба зерҳимояи худ аз болои муфаттиши Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Умед Раҳмонов (нусхааш ба роҳбари Агентӣ Абдуфаттоҳ Ғоиб) ба Прокуратураи генералӣ шикоят бурд.
Раҳматилло Зоийров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки муфаттиши Агентии зиддифасод Умед Раҳмонов муддати ду ҳафта аст, ки ба ӯ додани иҷозати вохӯрӣ бо зерҳимояшаро ваъда медиҳад, вале гоҳе ба зангҳо посух надода, гоҳи дигар мегӯяд, ки дар сафари корӣ дар минтақаҳо аст. «Ин дағалона риоя накардани ҳуқуқҳои инсон аст, ки дар Конститусия кафолат дода шудааст», – иброз дошт вай.
Ба гуфтаи Зойиров, ӯ метавонад собит созад, ки парвандаи ҷиноии нисбати Қудратов бозшуда ба гумони додани пора ҳеҷ асоси воқеӣ надорад.
Қобили зикр аст, ки аввали моҳи август дар суди шаҳри Душанбе
ҷаласаи нахустини судӣ
оид ба баррасии парвандаи адвокат Шуҳрат Қудратов, ки Агентии зиздифасод ӯро дар додани пора муттаҳам медонад, оғоз гардид.
Ёдрас мекунем, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ дар робита ба сабабҳои боздошти адвокат Шуҳрат Қудратов рӯзи 23-юми июл
маълумоти расмӣ
интишор намуд.
Сипас Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон қарор кард, ки раиси ҳизб, ҳуқуқшинос Раҳматилло Зойиров муовини худ Шуҳрат Қудратовро
шахсан ҳимоят мекунад
. Раҳматилло Зойиров дар робита ба боздошти ӯ
изҳор намуд,
ки Шуҳрат Қудратов эътироф намудааст, ки аз зерҳимояи худ маблағи пулӣ гирифтааст, вале на барои порадиҳӣ ба судя.
Баъдан ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, намояндагони иттиҳодияҳои адвокатӣ, ҳамчунин аъзои Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон дар робита ба боздошти адвокат Шуҳрат Қудратов
изҳорот пахш намуда,
аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват карданд, ки парвандахои Ш.Қудратов ва Ф.Зокиров мунсифонаву беғараз баррасӣ карда шаванд.
Рӯзи 25 июл адвокат Шуҳрат Қудратов аз боздоштгоҳи тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО) гузаронида шуд.
Зимни нишасти хабарии рӯзи 30-юми июли соли ҷорӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Абдуфаттоҳ Ғоиб изҳор намуд, ки ба гунаҳкор будани адвокат Шуҳрат Қудратов
шубҳа надорад.



