Э.Раҳмон ва Ҳ.Рӯҳонӣ «Сангтӯда-2»-ро бо иқтидори пурра ба кор дароварданд



Сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасани Рӯҳонӣ, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, имрӯз дар толори «Кохи миллат» тавассути пахши тугма агрегати дуюми нерӯгоҳи оби барқии «Сангтӯда-2»-ро ба кор дароварданд.

Дар маросими мазкур, президенти Тоҷикистон изҳор намуд, ки агрегати якуми нерӯгоҳ ду сол қабл ба истифода дода шуда, таъкид дошт, ки «ин ба вазъи таъминот бо барқ дар Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза беҳбуд бахшид».

Ӯ иншооти мазкурро «туҳфаи мардуми Эрон ба мардуми дӯсту бародари тоҷик номида, хотиррасон намуд, ки сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» соли 2006 дар ҳузури сарони ҳарду кишварҳо оғоз гардида буд.

Дар навбати худ, Рӯҳонӣ таъкид дошт,ки «ба анҷом расидани сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда 2» на анҷоми кор, балки оғози ҳамкории густардаи иқтисодии Эрону Тоҷикистон, ба хусус дар бахши энерҷӣ аст» ва изҳори умедворӣ кард, ки Эрон минбаъд низ ба ин монанд лоиҳаҳо дар Тоҷикистонро амалӣ хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки агрегати якуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» санаи 5-уми сентябри соли 2011 бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод мавриди истифода қарор гирифта буд.

Тибқи лоиҳа иқтидори истеҳсолии навбати аввали нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» 110 МВт ва истеҳсоли солонаи нерӯи барқи он 500 млн. кВт/соатро ташкил медиҳад. Пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтан, иқтидори он ба истеҳсоли то 1 млрд. кВт/соат нерӯи барқ дар сол баробар хоҳад шуд.

Сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» 20-уми феврали соли 2006 расман оғоз гардид. Нерӯгоҳи Сангтӯда-2 лоиҳаи муштараки Эрону Тоҷикистон буда, ҳиссаи Тоҷикистон дар он 40 млн. $ ва ҳиссаи Эрон 180 млн. $-ро ташкил медиҳад. Ширкати эронии «Сангоб» паймонкори кулли сохтмони ин нерӯгоҳ мебошад.

Майдони сохтмони нерӯгоҳи барқии Сангтӯда-2 дар 120 километрии ҷанубу шарқи Душанбе воқеъ аст. Даромади 12,5 соли аввали кори он ба ихтиёри Эрон вогузор хоҳад шуд. Пас аз ин нерӯгоҳ пурра ба ихтиёри Тоҷикистон мегузарад. Нерӯгоҳ аз ду агрегат иборат аст, ки иқтидори ҳар кадоме ба 110 МВт баробар аст. Бо фаъол шудани агрегати дуюми нерӯгоҳ иқтидори он 220 МВт-ро ташкил хоҳад дод. 

spot_imgspot_img

Популярное