Ташрифи президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба Душанбе ба таъхир меафтад. Ӯ мебоист шоми рӯзи 9-уми сентябр ба Тоҷикистон омада, имрӯз соати 10 вохӯриҳои расмӣ баргузор мещшуданд, аммо то ҳанӯз сарвари давлати Эрон ба Душанбе ворид нашудааст.
Аз Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ташрифи Ҳасани Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон бо сабабҳои техникӣ ба таъхир афтодааст, аммо дар бораи маҳз бо кадом сабабҳои техникӣ дер шудани сафар маълумоти саҳеҳ дода нашуд.
Ба иттилои манбаъ, намояндагии дипломатии Эрон дар Душанбе изҳор доштааст, ки аз замони ба Душанбе ташриф овардани Ҳасанӣ Рӯҳонӣ ҷониби Тоҷикистонро огоҳ хоҳанд кард. Тибқи маълумоти пешакӣ, президенти Эрон наздикиҳои нимаи имрӯз вориди Тоҷикистон мешавад. Рӯзҳои 8-9-уми сентябр президенти Эрон бо сафари расмӣ дар Қазоқистон қарор дошт.
Тибқи маълумоти расмӣ, субҳи имрӯз мебоист маросими расмии вохӯрии сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасани Рӯҳонӣ, гуфтушуниди «як ба як»-и онҳо ва мулоқоти ҳайати васеъи кишварҳо ва ҳамчунин маросими имзои санадҳои дуҷониба доир мегардид.
Ҳамчунин дар Душанбе вохӯрии сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон дар назар аст. Президенти Эрон ҳамчунин бо Раиси палатаи поёнии палумон ва Сарвазири Тоҷикистон дидору гуфтушунид мекунад. Санаи 11-уми сентябр Рӯҳонӣ бо намояндагони аҳли улуми Тоҷикистон мулоқот карда, рӯзи 12-уми сентябр баъди иштирок дар нишасти СҲШ аз Душанбе ба ватан бармегардад.
Ҳамчунин зимни сафари Ҳасани Рӯҳонӣ ба Тоҷикисион бояд маросими мавриди истифода қарор гирифтани агрегати дуюми нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» баргузор шавад.



