Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Бошқирдистон



Рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода Президенти Ҷумҳурии Бошқирдистони Русия Рустам Хамитовро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, зимни мулоқот Қоҳир Расулзода таъкид дошт, ки  Тоҷикистон ба ҳамкориҳои гуногунҷанба бо минтақаҳои Русия таҳким бахшида, минбаъд низ ба рушду густариши онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад.

«Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Бошқирдистон дар бахшҳои саноати кӯҳӣ, саноати сабук ва нассоҷӣ, хӯрокворӣ, коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, рушди парандапарварӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ баррасӣ шуданд», – қайд кард Муҳиддинов.

Ёдрас мекунем, ки нишасти СҲШ дар соли 2015 дар пойтахти Бошқирдистон – шаҳри Уфа баргузор мешавад. Дар нишасти созмон дар Душанбе раёсат дар СҲШ аз Тоҷикистон ба Русия мегузарад.

spot_imgspot_img

Популярное