Донишҷӯёни соли аввали Донишкадаи ҳарбӣ савганд ёд карданд

Date:



Бахшида ба савгандёдкунии донишандӯзони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа бо иштироки масъулини Вазорати мудофиа ҷамъомади бошукӯҳ доир гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, дар рӯҳияи баланди эҳтиром нисбат ба халқу ватан ва ҳамагуна арзишҳои милливу давлатӣ боз наздик ба 300 нафар курсантони курси якуми Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа савганди садоқатро ба забон оварданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни чорабинӣ, ба муносибати 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар чанде аз афсарони Донишкадаи мазкур бо рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардонида шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби курсантони донишкадаи мазкур задухӯрдҳои тан ба тан бо усулҳои шарқӣ ва расми гузашти низомии донишҷӯёни ҷавон дар назди минбар намоиш дода шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...