Дар зарфи 7 моҳи соли равон ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар иқтисоди Тоҷикистон аз тамоми сарчашмаҳои маблағгузорӣ 3 млрд. 389 млн. сомонӣ (697,8 млн. $)-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 25,5% зиёдтар аст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, давоми моҳҳои январ-августи соли 2014 дар иншооти таъиноти истеҳсолӣ – 1 млрд. 729,4 млн. сомонӣ (356,6 млн. $) ё худ 51%-и маблағҳо азхуд шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар иншооти таъиноти ғайриистеҳсолӣ – 1 млрд. 659,7 млн. сомонӣ (342,2 млн. $) ё худ 51% аз маблағҳои умумии сармоягузорӣ азхуд гардид.
Зимнан зикр гардид, ки ба сохтмони иншооти энергетикӣ дар ҳаҷми – 607,9 млн. сомонӣ (125,2 млн. $) маблағгузориҳо сурат гирифтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 133,2%-ро ташкил медиҳад.
Дар Вазорат ҳамчунин қайд карданд, ки аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳо дар ин давра ба бахши давлатӣ – 45,2%, бахши хусусӣ – 27,9%, корхонаҳои муштарак – 7,7% ва моликияти хориҷӣ – 19,2%-и маблағузориҳо рост меояд.


