Талаби Прокуратураи ҳарбӣ оид ба таваҷҷуҳ ба сифати даъвати шаҳрвандон ба хизмат

Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе бо иштироки комиссарони ҳарбӣ ва дигар масъулини вобастаи комиссияҳои даъватии пойтахт ва тобеи ҷумҳурӣ ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсозии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии ин гарнизон доир карда шуд. Тавре маркази матуботи Вазорати мудофиаи ҶТ иттилоъ медиҳад, дар ҷаласа санҷишҳои гузаронидаи масъулини мақомоти прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе таҳлилу барраcсӣ гардида, ҳолати […]

ASIA-Plus



Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе бо иштироки комиссарони ҳарбӣ ва дигар масъулини вобастаи комиссияҳои даъватии пойтахт ва тобеи ҷумҳурӣ ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсозии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии ин гарнизон доир карда шуд.

Тавре маркази матуботи Вазорати мудофиаи ҶТ иттилоъ медиҳад, дар ҷаласа санҷишҳои гузаронидаи масъулини мақомоти прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе таҳлилу барраcсӣ гардида, ҳолати иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» мавриди муҳокима қарор гирифт.

«Қайд карда шуд, ки сари вақт амалӣ намудани дастуру супоришҳо, вобаста ба иҷрои қонуни мазкур, ба беҳтар гардидани сифати даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва ба сатҳи пешгирӣ аз содиршавии қонунвайронкуниҳо мусоидат намудааст», – омадааст дар хабари маркази матбуоти вазорат.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҷараёни муҳокимаи бандҳои қонун «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз масъулини вобастаи даъват қатъӣ талаб карда шуд, ки ба масоили сифати даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, интихоби ҷавонони болаёқат ва дар самти фаъолияти ҳамаҷонибаи комиссияҳои давлатӣ диққати ҷиддӣ равона намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?