Мулоқоти дипломати тоҷик бо мири шаҳри Намури Белгия

Чанде қабл вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев бо мири шаҳри Намури Шоҳигарии Белгия (ҳамзамон ноиби Раиси Ҳукумати вилояти Валлония) Максим Прево баргузор гардид. Бояд хотиррасон намуд, ки ш.Намур бо ш.Кӯлоби Тоҷикистон бародаршаҳр мебошанд. Тавре аз саофрати Тоҷикистон дар Белгия хабар доданд, мақсад аз мулоқот идомаи гуфтушунидҳои доимии миёни […]

ASIA-Plus



Чанде қабл вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев бо мири шаҳри Намури Шоҳигарии Белгия (ҳамзамон ноиби Раиси Ҳукумати вилояти Валлония) Максим Прево баргузор гардид. Бояд хотиррасон намуд, ки ш.Намур бо ш.Кӯлоби Тоҷикистон бародаршаҳр мебошанд.

Тавре аз саофрати Тоҷикистон дар Белгия хабар доданд, мақсад аз мулоқот идомаи гуфтушунидҳои доимии миёни ҷониби Тоҷикистон ва ҳукумати ш.Намур роҷеъ ба рушди муносиботи миёни ш.Намур ва ш.Кӯлоб ба ҳисоб мерафт.

Зимнан зикр гардид, ки ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкории миёни ду бародаршаҳрро муфассал баррасӣ намуда, ба хотири густариши робитаҳои бародаршаҳрии шаҳрҳои Намур ва Кӯлоб тадорукоти як силсила чорабиниҳоро муҳокима карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.