Ширкатҳои ҶСК «Тяжмаш», ҶС «Машиностроительная компания «КРАНЭКС», «Хэнго» ва ҶСП «Интерводстройресурс» дар тендер оид ба азнавсозии нерӯгоҳи барқи обии Қайроқкум ширкат варзиданианд.
Аз намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки зимни вохӯрии вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонов бо намояндаи тиҷоратии Русия Михаил Кораблин дар ин бора ибрози назар карда шудааст.
«Зимни мулоқот натанҳо иштироки ширкатҳои русиягӣ дар тендер, балки масъалаҳои таҳвили техникаву таҷҳизоти гуногун аз Русия барои эҳтиёҷоти бахши энергетикаи Тоҷикистон, аз ҷумла экскаваторҳо, дигар таҷҳизоти борбардор, қисмҳои эҳтиётӣ ва ғайра низ баррасӣ шуданд», – гуфт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки маблағгузории корҳои азнавсозии нерӯгоҳи Қайроққумро Бонки аврупоии таҷдиду рушд ба уҳда гирифт, ки дар марҳилаи аввали корҳо дар ҳаҷми 50 млн. доллари ИМА қарз ҷудо мекунад. Арзиши умумии амалисозии лоиҳа бошад, тақрибан 75,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.



