Тамринҳои нақшавии қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки ба баланд бардоштани омодагии ҳарбии ин нерӯҳо нигаронида шудаанд, имрӯз дар машқгоҳи Нурафшони гарнизони Суғди наздики шаҳри Исфара ба итмом мерасанд.
Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба тамринҳои мазкур 50 адад техникаи ҳарбӣ ва ҳудуди 600 нафар сарбозону афсарони қӯшунҳои хушкигарди вазорат сафарбар шудаанд.
«Баргузории марҳилаи хотимавии тамринҳоро муовини аввали вазири мудофиа, сардори Ситоди куллии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Зариф Шарифзода назорат мекунад», – иброз дошт Ф.Маҳмадалиев.



