Боздиди намояндаи минтақавии Раёсати СММ аз ВКХ Тоҷикистон



Нимаи дуюми рӯзи 16 октябри соли 2014 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (ЮНОДК) барои Осиёи Марказӣ Ашита Миттал баргузор шуд.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо сатҳи ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНОДК-ро баланд арзёбӣ намуда, масъалаи татбиқи барномаҳои миллӣ, минтақавӣ ва глобалии ЮНОДК оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Қобили зикр аст, ки Ашита Миттал дар Тоҷикистон қарор дошта, қаблан бо директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ генерал-летенанти милиса Рустам Назарзода низ мулоқот кард.

spot_imgspot_img

Популярное