Ахири ҳафтаи гузашта, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи чоруми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки 20 октябр баргузор мегардад, ба Люксембург сафар намуд.
Бино ба маълумоти депатрмаенти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷТ, зимни сафар инчунин баргузории як қатор мулоқотҳои дуҷонибаи С. Аслов бо намояндагони аршади Иттиҳоди Аврупо дар ш. Брюссел дар назар аст.



