Зайд Саидовро боз тибқи 5 моддаи КҶ айдор мекунанд



Исҳоқ Табаров, адвокати соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов мегӯяд, ҳафтаи гузашта гурӯҳи фаврии Агентии зиддифасод нисбати зерҳимояи ӯ боз як қатор айбномаҳоро пешниҳод кардааст: «Ин айбномаҳоро аз 16 то 18-уми октябр пешниҳод намуданд ва мо он ҷо ҳузур доштем, вале то ҳол ин санадҳоро ба мо надодаанд».

Ба гуфтаи ӯ, айни замон ба Зайд Саидов аз рӯи моддаҳои 340, қ. 2 (Сохтакории ҳуҷҷатҳо), 314, қ. 2 (Суистифода аз мақоми хизматӣ), 245, қ. 4 (Азонихудкунӣ), 362, қ. 3 (Ҳаракати ғайриқонунӣ нисбати молу мулке,  ки рўйхат шудааст, ё ба вай ҳабс гузошта шудааст, ё ин ки мусодира карда мешавад) ва 292, қ 2 (Саркашии шахси ҳуқуқӣ аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо) айбномаҳо пешниҳод гардидаанд.

Исҳоқ Табаров зикр кард, ки бо айбномаҳои нави пешниҳодшуда розӣ нестанд, вале то дастрас кардани санадҳои расмӣ, дигар чизеро шарҳ дода наметавонанд.

Ёдрас мекунем, ки соҳибкор Зайд Саидов 19-уми майи соли 2013 баъди бозгашт аз сафари хидматӣ аз Фаронса дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуд. Санаи 25-уми декабри соли 2013 Суди олии Тоҷикистон тоҷир ва собиқ вазири саноати кишвар Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум намуд. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳои таҷовуз ба номус, серзанӣ, қаллобӣ ва ришваситонӣ муттаҳам дониста шуд.

Моҳи июл дар парвандаи Зайд Саидов айбномаҳои нав – азхудкунии воситаҳои буҷет зимни сохтмони маҷмааи «Душанбе-Плаза» тариқи сохтакории ҳуҷҷатҳо пайдо шуд.

spot_imgspot_img

Популярное