Кабирӣ аъзои ҳизбро ба омодагӣ ба фишори ҳукуматдорон даъват кард



Дар бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вохӯрии раиси ҳизб, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ бо фаъолони ҳизб дар шаҳри Душанбе доир гардид.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ҲНИТ, зимни суханронӣ назди ҳозирин Муҳидин Кабирӣ қайд кард, ки интихоботи ахири моҳи феврал пешбинишуда ба парлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ тафовут хоҳанд дошт.

Раиси ҲНИТ таъкид дошт, ки агар дар интихоботи моҳи феврали соли 2010 фишори ҳукуматдорон дар охири ҷараёни интихобот сурат гирифта бошад, аз истисно дур нест, ки дар интихоботи соли оянда фишор ва монеъагузориҳо ба ҳизб аллакай дар аввали маъракаи итихоботӣ эҳсос хоҳанд шуд.

Раиси ҲНИТ аз аъзои ҳизб даъват ба амал овард, ки ба чунин фишорҳо омода бошанд ва таъкид намуд, ки ба интихобот ва муқовимат ба фишорҳо мебояд дар доираи қонунгузории амалкунанда омодагӣ гирифт.

Дар посух ба саволҳои иштирокчиёни вохӯрӣ Муҳиддин Кабирӣ бори дигар онҳоро ба таҳаммулпазирӣ ва устуворӣ дар амалҳо  даъват кард.  

spot_imgspot_img

Популярное