Бонки аграрии Чин ба Тоҷикистон 100 млн. $ қарзи имтиёзнок ҷудо мекунад

Date:



Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Бонки аграрии Чин Лю Шиюй мулоқот карда, зимни вохӯрӣ масоили ташкил ва густариши ҳамкориҳо баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, иттилоъ дода шуд, ки дар навбати аввал барои дастгирии рушди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон аз ҷониби ин бонк 100 миллион доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда мешавад.

«Ин маблағҳо ба се самти асосӣ- сохтмони корхонаҳои саноатӣ, рушди соҳибкории хурду миёна ва савдо ва омодасозии кадрҳо равона мегарданд», – омадааст дар хабари хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Зимнан зикр мегардад, ки изҳори бовар шудааст, ки ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону ин бонки бонуфузи Чин мутақобилан судбахш гардида, ба рушди робитаҳои иқтисодию сармоягузории ду кишвар мусоидат мекунад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...