ХБА: Аз лиҳози иқтисодӣ дар ОМ Тоҷикистон бештар ба Русия вобаста аст

Date:



Дар


гузориши


Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) қайд карда мешавад, ки миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ (ОМ) аз лиҳози иқтисодӣ Тоҷикистон бештар ба Русия вобаста аст.

Таҳлилгарони ХБА зикр мекунанд, ки Тоҷикистон ба Русия аз рӯйи воридот ва интиқоли маблағҳои пулӣ – беш аз 10%, тибқи ҳаҷми содирот – 3% ва аз нигоҳи сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ – 3-10% вобаста аст.

Тибқи маълумоти гузориши ХБА, миёни кишварҳои минтақа аз нигоҳи иқтисодӣ Ӯзбекистон аз ҳама камтар ба Русия вобастагӣ дорад. Қайд мешавад, ки ҳаҷми содироти Ӯзбекистон дар робита ба бозори Русия камтар аз 3%, воридот – ҳудуди 3-10%, интиқоли маблағҳои пулӣ ва сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ – камтар аз 3%-ро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки Қирғизистон ба Русия аз рӯйи воридот ва интиқоли маблағҳои пулӣ – беш аз 10%, тибқи ҳаҷми содирот ва аз нигоҳи сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ – 3-10% вобаста аст. Туркманистон аз рӯйи содирот 10% ба Русия вобастагӣ дошта, муомилоти содироту воридоти Қазоқистон бо Русия ба 3-10% баробар аст.

Ёдрас мекунем, ки соли 2013 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеъӣ ҳудуди 4,2 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки 47%-и ҳаҷми ММД-и кишвар дар соли гузашта (8,5 млрд.$ )-ро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистион буда, тайи солҳои ахир ҳаҷми муомилоти молӣ бо Русия тақрибан 30% аз ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷии кишварро ташкил медиҳад.

Ғайр аз ин, тайи солҳои ахир Русия бо ҳаҷми сармоягузории мустақими андӯхтаи беш аз 1,2 млрд. доллари ИМА ё худ ҳудуди 50% аз ҳаҷми умумии тамоми сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ дар Тоҷикистон, шарики асосии сармоягузори ҷумҳурӣ боқӣ мемонад. Тибқи баъзе маълумот, дар қаламрави Тоҷикистон ҳудуди 200 корхона бо иштироки сармояи Русия амал мекунанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...