Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонии Иқтисоди исломӣ

Date:



Аз 28 то 30 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Дубайи Амороти муттаҳидаи Араб ҷаласаи 10-уми Форуми умумиҷаҳонии Иқтисоди Исломӣ баргузор гардид.


Дар миёни ширкаткунандагон роҳбарони давлат ва масъулони олимартабаи ниҳодҳои бонуфузи як қатор кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии халқии Бангладеш Абдул Ҳамид, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Ноиби Раиси Ҷумҳурии Сейшел Дани Фауре, Сарвазири Малайзия Сри Муҳаммад Наҷиб Абдулраззоқ, Сарвазири Люксембург Хавиер Беттел, Сарвазири Ҷумҳурии Тимори Шарқӣ  Рала Густаво, Раиси Бонки Рушди Исломӣ Аҳмад Муҳаммад Алӣ ва Президенти Фонди WIFE Тун Мусо Ҳитам ҳузур доштанд. Дар Форум 3300 нафар даъватшудагон аз 108 кишвари дунё иштирок намуданд. 

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Форуми зикргардида муовини Сарвазир Азим Иброҳим, муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Буриев Неъматулло Ҳикматуллоевич ва муовини аввали Кумитаи Сармоягузорӣ Файзуллоев Лочин муаррифӣ намуданд.

Дар рӯзномаи кори Форум 29 мавзӯи муҳими соҳаҳои иқтисод ва сармоягузории исломӣ, рушд ва таҳкими сармоягузории мувофиқ ба қонунҳои шариати исломӣ, коҳиш додани фақру бенавоӣ, ворид намудани дастовардҳои технологияи муосир ба соҳаҳои кишоварзӣ, хӯрокворӣ, тандурустӣ, таъмини шароити муносиб барои рушди таълим бидуни сарҳад, экология, тарбияи кадрҳо дар соҳаи  бонкдории исломӣ, фаъолсозӣ ва тавсеаи ширкати занҳо ва насли ҷавон дар роҳбарии фаъолиятҳои соҳибкорӣ, таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан  ба сармоягузории зербино ва нақлиёт, баровардани «Сукук» (вомбаргҳо)  ворид карда шуда буд, ки аз ҷониби  ширкаткунандагон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.

Ифтитоҳи рӯзи дуюми ҷаласаи корӣ бо суханронии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим оғоз гардид, ки он фарогири самтҳои гуногуни иқтисоди миллии ҷумҳурӣ ва кишварҳои минтақа буд. Аз ҷумла, амалӣ гардонидани лоиҳаҳои аҳамияти минтақавӣ дошта, эҷоди самтҳои ҷадиди ҳалқавии шабакаҳои инфрасохторӣ дар минтақа, коҳиш додани арзиши интиқоли молу маҳсулот,  рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, самаранок истифода намудани имкониятҳои нисбии афзалиятдоштаи минтақа аз меҳвари суханрониҳо муовини Сарвазир дар кори Форуми иқисодӣ  ба шумор мерафт.

Қайд карда шуд, ки нақши кишварҳои пешрафтаи исломи таҷриба ва имкониятҳои фарохи сармоягузории онҳо метавонад ба рушди муътадили дигар кишварҳои исломӣ мусоидат намояд.

Дар ин росто, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори густариши муносибатҳои дӯстона, ҳамкориҳои судманд бо кулли кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла  кишварҳои ҷаҳони исломӣ мебошад.

Мусаллам аст, ки рушди иқтисодии дилхоҳ кишварро бе таъмини нерӯи барқ ва татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ тасаввур кардан номумкин аст.

Дар шароити кунунии ниёзмандиҳои рӯзафзун ба нерӯи барқ чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар кишварҳои минтақа, тараққӣ додани ин самтҳо аз нигоҳи мо хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Истифода гардидани иқтидорҳои гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имконияти дар як сол то 530 миллиард киловатт – соат нерӯи барқи обӣ истеҳсол карданро дорад, метавонад ниёзмандии кишварҳои минтақаро бо нерӯӣ барқи аз лиҳози экологӣ тоза ва аз лиҳози иқтисодӣ арзон таъмин намуда, ба рушди минбаъдаи онҳо мусоидат намояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи гидроэнергетика, бунёди иншооти гидроэнергетикӣ, қабл аз ҳама сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва сохтмони хатҳои интиқоли барқ, ки аҳамияти минтақавӣ доранд, таваҷҷуҳи зиёд дорад. Айни ҳол ҷиҳати сохтмони хатҳои интиқоли нерӯи барқ КАСА–1000, ки мақсад аз татбиқи ба роҳ мондани содироти он ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла ба давлатҳои Афғонистон ва Покистон мебошад, бо Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ҳамкории босамар ва муоссир дорад.

Самти дигаре, ки диққати иштирокчиён ба он ҷалб карда шуд, ин лоиҳаҳои нақлиётию коммуникатсионӣ мебошад, ки ба мисли лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ дорои аҳамияти минтақавию байналмилалӣ буда, аз лиҳози сармоягузорӣ фоидаоваранд.

Дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои сохтмони роҳҳои автомобилии байналмиллалӣ татбиқ гардид ва ин имкон фароҳам овард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа тавассути ин тарҳҳо ба бозорҳои якдигар роҳ ёбанд, вале ин интиҳои имкониятҳои транзитии кишварҳои минтақа нест.

Мо бо Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Узбекистон, Қирғизситон ҳамсарҳадем ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам вусъат додани ҳамкориҳо, рушди робитаҳои минтақавӣ, барои дарёфти манбаъҳои маблағгузории таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои сохтмони роҳи оҳани Хитой – Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон, Россия -Қазоқистон – Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон ва роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон, ҳавасмандии зиёд дошта, гуфтушунидро бо шарикони рушд ва дигар созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ идома дода истодааст. Татбиқи ин лоиҳаҳо ҷумҳурии мо ва дигар кишварҳои ҳамсояро ба ҳам, инчунин бо инфрасохторҳои коммуникатсионии минтақавию ҷаҳонӣ ва бандарҳои уқёнуси Ҳинд ва Ором пайваст хоҳад намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин барои ҷалби сармоя ҷиҳати коркарди маъданҳои кӯҳӣ имкониятҳои хеле васеъ дорад. Дар кишвари мо зиёда аз 600 кони захираҳои табиии маъданӣ ва ғайримаъданӣ муайян, кашф ва барои аз худ намудан омода карда шудаанд. Аз онҳо қариб сад кон, ки дар онҳо тақрибан 40 намуди маъдан истихроҷ мегарданд, истифода мешаванд. Кишвари мо ҳамаи навъҳои сангҳо ва металҳҳои қиматбаҳо ва ашёи хоми заруриро доро буда, истихроҷ ва коркарди онҳо низ арсаи ҳамкории судовари иқтисодист.

Имконоти дигари ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои исломӣ ин соҳаҳои аграрии Тоҷикистон, ки дорои иқлими муносиби парвариши номгӯи васеи сабзавоту меваҳо ва соҳаи туризм, хусусан туризми кӯҳӣ ва солимгардонӣ метавонад гардад.

Тоҷикистон дар асоси судмандии мутақобила ба ҷалби иштироки фаъолонаи кишварҳои исломӣ дар раванди ба кор андохтани имконоти бузурги гидроэнергетикӣ, истифода гардидани имкониятҳои транзитии  худ ва кишварҳои ҳамсарҳад, инчунин ҳамкорӣ дар дигар соҳаҳои зикргардида ҳавасманд мебошад.

Мо итминони комил дорем, ки густариши ҳамкориҳои созанда бо якдигар дар асоси принсипҳои дуҷониба ва бисёрҷониба воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, амниятиву экологӣ ва муқовимат бо таҳдиду хатарҳои глобалии муосир буда, ба манфиатҳои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳар як кишвари ҷаҳон мебошад.

Раиси Фонди WIFE Тун Мусо Ҳитом зимни суханронии худ дар маросими пӯшидашавии Форум иброз намуд, ки иҷлосияи 10-уми Форуми Умумиҷаҳонии Иқтисодии Исломӣ ба тамоми ҳадафҳои худ ноил гардид. Дар кори он иштирокчиён фаъолона масъалаҳои бартараф намудани монеаҳои вуҷуддошта ва тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманди байни кишварҳои аъзоро баррасӣ намуданд.  Инчунин қайд гардид, ки нисбат ба Форуми қаблии дар Лондон баргузоргардида, шумораи бештари меҳмонон дар ин ҳамоиш ширкат варзиданд ва Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки Давлатҳои муттаҳидаи амороти Арабӣ дар оянда макони баргузории боз як даври дигари Форум хоҳанд гардид.

Дар интиҳои ҳамоиш қарор қабул гардид, ки ҷаласаи навбатии Форуми Умумиҷаҳонии Иқтисоди Исломӣ    10-15 октябри соли 2015 дар пойтахти Малайзия шаҳри Куало Лумпур баргузор мегардад.      

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...