Таҷдиди роҳи Қалъаи Хумб – Хоруғ тобистони соли оянда оғоз мегардад

Date:



Дар мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори кулли ширкати роҳупулсозии Чин Лу Шан доир ба татбиқи лоиҳаҳои мавҷуда ва ояндаи дуҷониба гуфтугӯйи созанда сурат гирифт.

Тавре зикр гардид, аз ҷониби ин ширкат дар Тоҷикистон чанд лоиҳаи бузурги роҳсозӣ, аз ҷумла сохтмону навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок бо нақби Шаҳристон, татбиқ гардидааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сипоси мардуми кишварро ба роҳбарияти ин ширкат расонда, изҳори бовар намуд, ки минбаъд ҳам онҳо дар сохтмону навсозии роҳу пулҳои дигари Тоҷикистон ва ҳам дар омодасозии мутахассисони варзидаи тоҷик дар ин соҳа саҳми намоён хоҳанд дошт.

Зикр мегардад, ки ба масоили вобаста ба омодасозии босифати лоиҳаи навсозии қитъаи Қалъаи Хумб-Хоруғи шоҳроҳи Душанбе-Кулма-Чин таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Чунонки иттилоъ доданд, то аввалҳои соли 2015 лоиҳа омодаю тасдиқ гардида, татбиқи амалии он тобистони ҳамон сол бояд оғоз ёбад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...