Оё манзили истиқоматӣ дар Душанбе арзон мешавад? (чандрасонаӣ)

Date:


Камии маош ва гаронии нархи хона аз мушкилоти умдаи мардуми Тоҷикистон аст. Ҳамзамон коршиносон мегӯянд, ки гурӯҳҳои монополӣ арзиши манзили истиқоматиро дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе ба таври сунъӣ баланд нигоҳ медоранд…





Мушкилоти сокинон

Сайёра Худоёрбекова ва ҳамсараш аз сабаби надоштани манзили истиқоматӣ, дар тӯли чаҳор сол беш аз 8 ҳазор доллар ҳаққи иҷораи манзил пардохтаанд. Ҳамакнун онҳо умедворанд, ки пас аз 18 моҳ соҳиби манзили шахсӣ хоханд шуд. Зеро қисме аз маблағи захиракардаи худро барои хариди манзили якҳуҷрагӣ ба яке аз ширкатҳои сохтмонӣ додаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

«Ба фикрам, рӯзе нест, ки сохтмони як бинои нави истиқоматӣ шурӯъ нашавад. Вале нархи он хеле миёншикан аст ва на ҳар кас метавонад аз ин биноҳои навбунёд манзил харидорӣ кунад. Хонае, ки ман харидам, лоиҳаи шаҳрдорӣ буда, ба фарқ аз дигар ширкатҳо нархи КВД «Сохтмони манзили дастрас» дар ҳақиқат дастрас аст. Синфи миёна, синфи коргаре, ки ҳармоҳа маоши ночиз мегирад, то як андоза метавонад аз ҳамон корхона соҳиби манзил шавад», – мегӯяд Сайёра.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ба мисли ӯ кам нестанд афроде, ки аз сабаби надоштани манзили зист дучори мушкилот шудаанд. Агар баъзе иҷоранишинанд, бархеи дигар дар хонаи волидону пайвандон зиндагӣ мекунанд. Сабаби аслӣ гарон будани арзиши манзил дар ҳудуди пойтахт аст.



Омилҳои гаронии нархи манзил

Як метри мураббаъи манзили навбунёд дар биноҳои баландошёнаи маркази Душанбе, вобаста ба ширкати сохтмонӣ, аз $600 то $1200 ва бештар аз он арзиш дорад. Ҳамзамон дар канори пойтахт нархи як метри мураббаъ аз $350 то $900 мебошад. Ин манзилҳо иборат аз чордевори холӣ буда, бидуни таъмири ороишӣ ба соҳибмулкон супорида мешаванд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Гаронии арзиши хона омилҳои гуногун дорад. Иддае сабаби онро дар баланд будани қимати масолеҳи сохтмонӣ ва бархеи дигар дар мавзеи ҷойгиршавии бино медонанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Нуралӣ Саидов, муовини раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон мегӯяд: «Омилҳои асосии арзиши биноҳо пеш аз ҳама ба мавзеъҳои интихобшуда вобастаанд. Сохтмонҳое арзон мешаванд, ки дар мавзеъҳои холӣ бунёд мегарданд. Агар маконеро интихоб кунем, ки дар он ҷо хонаҳои истиқоматӣ ва дигар иншоот бошанд, барои амалӣ кардани сохтмон пеш аз ҳама бояд онҳоро харидорию вайрон карда, дар ҷояшон бинои нав сохтан лозим аст. Дар ин ҳолат арзиши хонаи сохташаванда нисбатан гаронтар мешавад».



Оё барои коҳиши нарх буҳрон лозим аст?

Бино ба иттилои Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Душанбе беш аз 105 ҳазор метри мураббаъ манзили истиқоматӣ бунёд шудааст, ки арзиши онҳо барои аксари табақаи миёнаҳол дастрас нест. Ин ҳам дар ҳолест, ки бештари ошёнаҳои биноҳои навбунёдро мардум аллакай харидорӣ кардаанд. Аммо масъулони Кумитаи мазкур мегӯянд, ки бо зиёд шудани теъдоди чунин биноҳо ва дигар омилҳои таъсиргузор ба бозори дохиливу байнулмилалӣ, арзиши манзил поин меравад.

Абдувалӣ Комилзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории ҶТ зимни нишасти хабарии шашмоҳаи аввали соли 2014 чунин иброз дошт:

ИЗОБРАЖЕНИЕ

«Агар як буҳрони нав шавад, нархи хонаҳо ду баробар коҳиш меёбад. Дар Тоҷикистон Қонуни ҶТ «Дар бораи ипотека» ҳаст. Албатта, бо такмил додани кори бонкҳо ва ҷудо кардани маблағҳои кредитӣ барои қарзи ипотекӣ ин масъала ҳал мешавад. Хонаро бисёр сохтан гирему ҳеҷ кас нахарад, баъд чӣ кор мекунанд? Маҷбур мешаванд, ки хонаро арзон фурӯшанд. Хонахар фақат ҳавас мекунад, ки аз биноҳои навбунёди истиқоматӣ манзил харад. Аммо чаро аз бозори дасти дуввум намехарад? Хонае, ки пештар сохта шудааст, ду маротиба арзонтар аст. Охир, ҳар кас пояшро ба андозаи кӯрпааш бояд дароз кунад. Дар киса чӣ қадар маблағ бошад, шахс ба ҳамон нигоҳ карда, хона мехарад».



Роҳҳал: масолеҳи сохтмонии ватанӣ

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Аммо хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Мирзоҳусейн Юсуфов бар ин назар аст, ки имкони коҳиши арзиши хонаҳо вуҷуд дорад, агар ҳангоми бунёди биноҳо аз масолеҳи сохтмонии ватанӣ ва дигар роҳҳои алтернативӣ истифода шавад. Вай афзуд: «Яке аз ин технологияҳои нав, ки дар қисми фасади бино истифода мешавад, фибросемент аст. Фибросемент ба тамоми фаслҳои сол дар Тоҷикистон тобовар аст ва 80 сол кафолат дорад. Коҳиши нархи биноҳо имконпазир аст, агар мо маҳсулоти дохили кишварро истифода кунем ва дар ин ҳолат агар як метри муррабаъ, масалан, $1000 бошад, дар натиҷа $500 мешавад. Камбудиҳо пайдо шуданаш мумкин. Масалан, агар дар қисми берунии бино андоваро истифода кунем, вай мисли фибросемент бисёр хизмат карда наметавонад. Худи маблағи бинои ҳозира 30 миллион доллар аст ва агар хоҳем, ки ба мардум дастрас бошад, мо онро аз маҳсулоти сохтмонии худи кишвар месозем, ки дар натиҷа арзиши умумии бино метавонад то 15 миллион доллар коҳиш ёбад. Як баробар арзонтар шуда, барои мардум дастрас мешавад».

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Сол то сол теъдоди биноҳои истиқоматӣ дар пойтахт меафзояд, аммо талабот ба он торафт бештар мешавад. Бино ба иттилои Шавкат Саидов, сухангӯйи раиси шаҳри Душанбе, 25 ҳазор сокини пойтахт то соли 2010 ба мақомоти шаҳрдорӣ барои ҷудо кардани қитъаи замин ҷиҳати бунёди манзил фиристодаанд. Аммо аз сабаби норасоии замин, ниҳодҳои марбутаи шаҳрдорӣ аз соли 2010 инҷониб ба қабули дархостномаҳои марбута хотима доданд.



Манзили дастрас

Ягона роҳе, ки мушкили Сайёраро осон кард, хариди манзили истиқоматӣ аз ширкати «Сохтмони манзили дастрас» мебошад. Аммо, ба гуфтаи ӯ, дастрас кардани манзил аз ин ширкат бо мушкилӣ ба вай муяссар шудааст, чунки ниёзмандон ба ин хонаҳо хеле зиёданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Бино ба иттилои Нурулло Наимов, раиси КВД «Сохтмони манзили дастрас», онҳо ба ҳукумати шаҳр тарҳҳои нав пешниҳод кардаанд, ки феълан дар баррасии шаҳрдорӣ қарор доранд. Аз соли 2012 инҷониб аз тарафи ин корхонаи воҳиди давлатӣ 4 бинои истиқоматии аз 9 то 12-ошёна ва дар маҷмӯъ 500 хонаи истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Айни замон сохтмони 12 бинои истиқоматии аз 9 то 18-ошёна идома дорад. Дутои он охири соли 2014 ва боқимонда соли 2015 ба истифода дода мешавад.



«Бозиҳои монополистон»

Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, мудири Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои ҶТ бар ин бовар аст, ки арзиши кунунии ҳар метри мураббаъи манзил, сарфи назар аз он ки дар куҷо ва чӣ гуна сохта шудааст, чанд маротиба гарон буда, ҳатто фаъолияти монополӣ ҷорӣ шудааст. Соҳибкорон хона месозанд, вале бо арзиши гаронтар аз хароҷоти аслии худ мефурӯшанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

«Бояд ин тарифҳоро паст кард, зеро сатҳи фоиданокӣ дар сохтмони Тоҷикистон тахминан аз 200% то 900%-ро ташкил медиҳад. Агар хароҷоти як метри мураббаъ ба 350-400 доллар баробар бошад ва ин хеле зиёд аст, нарх аз 1200 то 2500 доллар аст. Ин хеле ташвишовар аст ва яке аз сабабҳои он мебошад, ки қисми зиёди хонаҳо то имрӯз ба фурӯш намераванд. Ин мардум намехоҳанд, ки нархро мувофиқи таносуби байни таклиф ва талабот муайян кунанд, ки ин қонуни асосии бозор мебошад. Нархҳо монополӣ ҳастанд ва дар ин ҷо таъсири олигополия ҳаст. Ин маънои онро дорад, ки 4-5 монополияи машғули сохтмон бо якдигар созиш мекунанд, ки нархро аз фалон сатҳ ба поин намефурорем ва нарх дар ҳамин сатҳ меистад. Дар Тоҷикистон, ки аз лиҳози иқтисодӣ хеле қафомонда аст, чунин тарифҳо хеле баланд мебошанд. Масалан, барои харидани хонае, ки 1 метри мураббаъи он 1200 доллар арзиш дорад, музди коре, ки дар Тоҷикистон мегирем, кифоят намекунад ва барои ин аз 60 то 80 сол кор кардан лозим аст», – изҳор дошт Ҳоҷимуҳаммад Умаров.



Маоши мардум ва нақшаи генералӣ

Ин дар ҳолест, ки моҳҳои январ-августи соли 2014 маоши ҳадди ақалл дар Тоҷикистон 250 сомонӣ ва маоши миёна 815,14 сомонӣ муқаррар гардида буд. Дар ин бора ба мо Абдувалӣ Қулов, масъули бахши омори демографӣ ва шуғли аҳолии Агентии омори назди Президенти ҶТ иттилоъ дод.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Татбиқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе асосан дар ду марҳила пешбинӣ шудааст. Марҳилаи аввал то соли 2020 ва марҳилаи дуюм то соли 2030-ро дар бар мегирад. Дар ин мароҳил биноҳои куҳнае, ки ҳусни шаҳрро коҳиш медиҳанд, аз байн бурда мешаванд.

Сокинони шаҳр ба биноҳои навбунёди истиқоматӣ бо хушнудӣ менигаранд, аммо маъюс аз онанд, ки наметавонанд бо даромади моҳонаи худ дар ояндаи наздик соҳиби манзили шахсӣ шаванд.

МЕДИА (Youtube Embed)

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...