Паёми шахсии С.Аслов ба ҳамтои ямании худ дар робита ба рабуда шудани тоҷикдухтар

Date:



Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ба ҳамтои ямании худ Абдуллоҳ Ас-Сойидӣ дар робита ба қазияи аз ҷониби гурӯҳи номаълум рабуда шудани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрухсор Рофиева дар минтақаи Маъриби Ҷумҳурии Яман паёми шахсӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар паёми Сироҷидин Аслов аз мақомоти салоҳиятдор ва шахсан аз вазири корҳои хориҷии Яман тақозо шудааст, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳо барои раҳоии ҳарчӣ зудтари Гулрухсор Рофиева тадбирҳои муассир андешанд.

Ёдрас мекунем, ки Гулрухсор Рофиева субҳи рӯзи 29-уми октябр ҳангоми ба кор рафтан

 рабуда шуд

. Ӯ 13-уми ноябр ба ватан баргаштанӣ буд. Инчунин Вазорати корҳои хориҷӣ тариқи сафорати Россия дар Тоҷикистон аз сафорати Россия дар Яман барои ҳарчи зудтар озод намудан ва сиҳату саломат ба Ватан баргаштани Рофиева Гулрухсор

дархости мусоидат кард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...