Боздиди намояндагони Бонки осиёгии рушд аз Хатлон

Date:



Намояндагони Бонкии осиёгии рушд (БОР) бо сарварии коршиноси бонки мазкур  Раҷеш Васудеван дар ҳайати ҳафт нафар  рӯзҳои 13-1-уми ноябр аз вилояти Хатлон боздид намуданд.

Чуноне аз маркази матбуотии раиси вилояти Хатлон хабар доданд, меҳмононро муовини раиси вилояти Хатлон Абдуҷаббор Баҳодурзода ба ҳузур пазируфт. «Ҳайти БОР бо муовини раиси вилоят масъалаи аз долони (коридори) нақлиётӣ ба долони иқтисодӣ табдил додани вилояти Хатлонро баррасӣ карданд», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар ин сӯҳбат дар масоили гуногун, аз ҷумла бунёди нерӯгоҳҳои оби барқӣ, сохтмони корхонаи истеҳсоли семент, сардхонаҳо барои нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ гуфтушуниди судманд сурат гирифт.

Манбаъ афзуд, ки дар ҷараёни сафар меҳмонон ҳамчунин бо фаъолияти ду минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва «Панҷ» низ шинос мешаванд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...