– Дар робита ба коҳиши интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ва ҷараёни сусти амалисозии ислоҳоти сохторӣ, дар дурнамои миёнамуҳлат рушди имконпазири иқтисод дар Тоҷикистон яқинан пасттар мешавад, – изҳор дошт зимни муаррифии Гузориши иқтисодии минтақавии Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) дар Душанбе намояндаи доимии Хазина дар Тоҷикистон Айдин Билолов.
Ӯ зикр кард, ки « ҳарчанд аз афзоиши суръати рушди иқтисод ба ҳисоби миёна ба андозаи ҳудуди 6% дар солҳои 2014-2015 интизорӣ равад ҳам, таъсиси ҷойҳои корӣ нокофӣ боқи мемонад ва таваррум дар ин давра дар мизони 8-9% пешбинӣ мегардад». «Ҳарчанд ҷалби сармоя аз Чин ва дигар кишварҳо ба андозае коҳиши суръати афзоишро метавонад сабуктар созад», – қайд кард Билолов.
Ба андешаи ӯ, тақвияти минбаъдаи ташаннуҷи вазъи геополитикӣ атрофи рӯйдодҳои Украина, поинравии арзиши нафт ва коҳиши қурби рубл бо назардошти робитаҳои зичи кишварҳои минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ бо Русия тариқи тиҷорат, интиқоли маблағҳои пулӣ ва сармоягузорӣ, метавонад ба дурнамои рушди иқтисоди ин кишварҳо таъсири иловагии назаррас гузорад.
«Тибқи ҳисобу китоби мо, коҳиши ММД-и Русия ба 1 банди фоизӣ дар соли ҷорӣ, ба коҳиши суръати афзоиш дар кишварҳои содиркунандаи нафти минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ – наздики 0,3 банди фоизӣ ва дар кишварҳои воридкунандаи нафти минтақа – ҳудуди 0,7 банди фоизӣ боис мегардад», – гуфт намояндаи ХБА.
Ба гуфтаи Билолов, такмили механизмҳои баҳисобгирӣ, идоракунӣ ва ҳисоботдиҳии корхонаҳои давлатӣ ба коҳиши хатарҳои шартии фискалӣ мусоидат мекунад. «Аз ҷониби худ ХБА бо кишварҳои минтақа ва Тоҷикистон ҳамкории зичи мутақобиларо роҳандозӣ мекунад, то ки ба онҳо дар андешидани тадбирҳо ҷиҳатии ҳалли ин мушкилот мусоидат намояд», – афзуд номбурда.



