Оғози баррасии ҳайати нави КМИР дар парлумон



Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров масъалаи тасдиқи Созишнма дар бораи бораи принсипҳои асосии ҳамкории байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати муштараки «Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd» баррасӣ шуд.

Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаи Қарори МНМО ҶТ «Оид ба пешниҳоди Президенти ҶТ «Дар бораи интихоб намудани раис, муовини раис ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ» низ муҳокима гардид.

Ба иттилои манбаъ, ғайр аз ин, дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва ба Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ Кодекси андоз ва Кодекси гумруки ҶТ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зикр гардид, ки бо қарори Шӯрои МНМО ҶТ, Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Латвия оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм, ҷинояткории муташаккилона ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ва дигар ҷиноятҳо ба тасдиқи ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми палатаи поёнии парлумон, ки 9-уми декабр доир мегардад, пешниҳод мешавад.

Ҳамчунин дар ҷаласаи иҷлосияи навбатии палати поёнии парлумон тасдиқи ҳайати нави аз ҷониби президент пешниҳодшудаи Комисссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ низ дар назар аст.

spot_imgspot_img

Популярное