Таъсиси ситоди шабонарӯзии рафъи оқибатҳои барфрезӣ дар Хуҷанд

Date:



Дар асоси супориши раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, тамоми сохторҳои дахлдори КВД Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ барои бартараф намудани оқибатҳои барфрезӣ ва яхбандӣ пурра омода карда шудаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, бо ин мақсад ситоди махсус фаъолияти худро барои таъмини бехатарии роҳ ва ҳаракати мунтазами нақлиёт дар кӯчаҳои маркази вилоят, ҳамчунин чораҷӯии саривақтӣ нисбати  яхбандии кӯчаҳо оғоз намудааст.

Фаъолияти ин ситод шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, ҳайати он аз масъулину кормандони соҳаҳои раёсати ободонӣ ва   хоҷагию манзилии шаҳр  мураттаб гаштааст.

Ҳамарӯза барои бартараф намудани яхбандии роҳхо 25 нафар дар се баст навбатдорӣ намуда, 6 адад воситаҳои нақлиёти махсус дар ҳолати омодагӣ қарор дорад. Лозим ба ёдоварист,ки то имрӯз тибқи нақшаи зимистонгузаронӣ зиёда аз 500 тонна маводи зидди лағжиш захира карда шудааст,ки ин нисбат ба соли гузашта 200 тонна зиёд аст.


Ҳамчунин барои сари вақт огоҳӣ ёфтан аз вазъу ҳолати кӯчаҳои шаҳр ва таъмини робитаи доимӣ байни сокинони шаҳр бо ситод телефони иртиботии 4 09 39 амал мекунад,ки сокинони доири мушкилоти роҳ дар фасли зимистон тариқи он метавонанд ба ситод маълумот диҳанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...