Кумаки Чин ба рушди соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон



Муовини раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромов дар якҷоягӣ бо гурӯҳи корӣ аз Раёсати Бонк бо намояндагони Бонки давлатии рушди Чин (БДРЧ) вохӯрӣ анҷом доданд.

 

Бино ба иттилои дафтари матбуоти «Амонатбонк», дар ин вохӯрӣ масъалаи созишномаи хати қарзии нав ба маблағи 10 млн. доллари ИМА миёни БДА ҶТ «Амонатбонк» ва БДРЧ баррасӣ гардид.

Гуфта мешавад, намояндагони Амонатбонк ва БДРЧ шартҳои охирини ин созишномаро баррасӣ намуданд ва созишнома барои имзо ба раҳбарияти Бонк пешниҳод карда шуд. 

Зимнан зикр мегардад, ки миёни БДА ҶТ «Амонатбонк» ва БДРЧ ҳамкориҳо мунтазам дар ҳоли густариш қарор дошта, мақсад аз гирифтани ин қарз, ки ба муҳлати 5 сол аз тарафи БДРЧ пешниҳод мегардад, дастгирӣ намудани соҳибкории хурду миёна дар минтақаҳои кӯҳистони кишвар ва рушди соҳаи хоҷагии халқ аст.

spot_imgspot_img

Популярное