Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс



– Дар Тоҷикистон иди касбии энергетикҳо ҷашн гирифта мешавад



Қ


урби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

5.2488

сомонӣ;


1

евро –

6.4309

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.0872

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих

Рӯзи энергетикҳо


1956

– ҶШС Тоҷикистон бо ордени Ленин мукофотонида шуд.


1970

— Вилояти Ленинобод таъсис дода шуд.


2003

— Марзбонони тоҷик қитъаи марзи давлатии Тоҷикистону Чинро таҳти назорат гирифтанд.


2010

– Овозхони маъруф, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Нигина Рауфова дар Душанбе аз олам даргузашт.


2011

— Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз пардохти боҷи гумрукӣ барои ворид намудани шиносномаҳои биометрӣ озод карда шуд.


1944

– Зодрӯзи олим Саидраҳмон Саидов


1952

– Мавлуди актёри театру кино, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ниёзмаҳмад Мӯсоев.


1954-2011

– Зодрӯзи овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Чамангул Сатторова.


1957

– Мавлуди овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Чиллахон Холов.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +5+10, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +1+6.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1-6, рӯзона 0+5, дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона -3+2.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришоти начандон зиёд дар назар аст.          

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -7-12, рӯзона +1+6;  дар шарқи вилоят шабона -19-24, рӯзона -5-10.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +5+10, дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона -2+3.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +8+10.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +7+9.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +3+5.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, боришоти начандон зиёд дар назар аст.    

Ҳарорат: шабона -8-10, рӯзона +4+6.

spot_imgspot_img

Популярное