Мутобиқи меъёрҳои қонуни Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», Соли нав танҳо санаи 1-уми январ рӯзи истироҳат эълон шудааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи 2-юми январ дар ҷумҳурӣ рӯзи корӣ буда, рӯзҳои 3 ва 4-уми январ (шанбе ва якшанбе) рӯзҳои истироҳати муқаррарӣ мебошанд.
Зимнан зикр гардид, ки иди навбатӣ бо рӯзи истироҳат дар Тоҷикистон санаи 8-уми март аст, ки дар ин сана Рӯзи модарон ҷашн гирифта мешавад.


