КМО ба беҳтарин варзишгарони соли ҷоизаҳо супурд

Рӯзи 26-уми декабр дар Душанбе, дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, маросими супурдани ҷоизаҳо ба беҳтарин варзишгарони сол баргузор шуд. Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и Тоҷикистон, маросими супурдани ҷоизаҳо ба беҳтарин варзишгарони сол рӯзи ҷумъаи 26-уми декабр дар Душанбе, дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, барпо гардид. Дар ин маросим Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи […]

ASIA-Plus



Рӯзи 26-уми декабр дар Душанбе, дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, маросими супурдани ҷоизаҳо ба беҳтарин варзишгарони сол баргузор шуд.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и Тоҷикистон, маросими супурдани ҷоизаҳо ба беҳтарин варзишгарони сол рӯзи ҷумъаи 26-уми декабр дар Душанбе, дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, барпо гардид.

Дар ин маросим Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, варзишгарони беҳтарини солро бо фарорасии Соли нави мелодии 2015 табрик гуфт. Баъдан вай дар бораи натоиҷи ширкати варзишгарони тоҷик дар мавсими соли 2014 иттилоъ дод. Ӯ зикр намуд, бузургтарин мусобиқоти имсола барои варзишгарони тоҷик Бозиҳои XVII осиёӣ маҳсуб мешуд, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябри соли равон дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуданд.

Вай гуфт, “дар ин мусобиқоти бузурги қитъавӣ 90 варзишгари тоҷик аз рӯи 16 намуд, ба монанди бокс, дзюдо, гуштии озод ва юнониву румӣ, варзиши сабук, тирандозӣ, футбол, шиноварӣ, картэдо, таэквондо ВТФ, вазнабардорӣ, камонварӣ ва ғайра ширкат карда, 5 медал (1 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.” 

 Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров дар гурзандозӣ дар сабқати мардон бо натиҷаи 77 метру 82 сантиметр мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Зелимхон Юсупов дар сабқати гуштии озод дар вазни то 65 килограмм бо медали нуқра мукофотонида шуд. Дар сабқати таэквондо ВТФ байни мардон Фарҳод Неъматов дар вазни то 80 кг, Алишер Гулов дар вазни беш аз 87 кг ва миёни занон Моҳрӯ Ҳалимова дар вазни беш аз  73 кг ба мунтахаби Тоҷикистон се медали биринҷӣ оварданд.

Баҳрулло Раҷабалиев иброз дошт, ки “соли 2015 варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ ширкат карда, барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мубориза мебаранд. Мо дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки рӯзи 16-уми декабр барпо гардид, рӯйхати 15 варзишгари беҳтаринро барои гирифтани стипендия ё идрорпулии олимпӣ тасдиқ кардем. Дар ин рӯйхат варзишгарони номдор, ба мисли гурзандоз Дилшод Назаров, муштзанҳо Мавзуна Чориева, Анвар Юнусов, гуштигирон Зелимхон Юсупов, Комроншоҳи Устопириён, Искандари Рустам, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, таэквондочиён Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов, Моҳрӯ Ҳалимова ва дигарон ҳастанд.”

Дар ин маросим раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов гуфт, ки бар асоси назархоҳии хабарнигорони соҳа варзишгари маъруфи тоҷик, гурзандоз Дилшод Назаров беҳтарин варзишгари сол дониста шуд. Вай афзуд, “Дилшод имсол дар 14 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат карда, дар 12-тоаш медал ба даст овардааст. Дастоварди аз ҳама бузурги ӯ дар мавсими имсола медали тилло дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ ба шумор меравад. Вай гурзро ба масофаи 77 метру 82 сантиметр ҳаво дод ва барои бори севум ба унвони қаҳрамони Бозиҳои осиёӣ мушарраф гашт. Инчунин ӯ имсол дар мусобиқоти байналмилалӣ аз силсилаи «IAAF Hammer Throw Challenge» ғолиб ва ҷоизадор шуд.” 

Ба иттилои Нарзулло Латифов ба рӯйхати 10 варзишгари беҳтарини солЗелимхон Юсупов (гуштии озод), Фарҳод Неъматов, Алишер Гуловва Моҳрӯ Ҳаимова (ҳарсе оид ба таэквондо ВТФ), Комроншоҳи Устопириён (дзюдо), Хушқадам Хусравов, Акмалиддин Каримов(ҳарду оид ба само), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (гуштии кураш) ва Акмал Қодиров (армрестлинг, байни варзишгарони маъюб) дохил шуданд. 

Баъдан даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2014, ки онҳороАссотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) бар асоси назархоҳии хабарнигорони соҳа муайян кардааст, бо ҷоизаю дипломҳои АЖРВТ ва мукофоти молии Кумитаи миллии олимпии кишвар сарфароз шуданд.

Дилшод Назаров, ки авоили соли 2014 муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон таъин шудааст, дар ин маросим чунин иброз дошт: “Соли 2014 барои ман ҳамчун варзишгар соли хуб буд. Нақшаҳои имсолаам комилан иҷро шуданд. Ман аз он хушҳолам, ки барои бори севум дар Бозиҳои осиёӣ медали тилло ба даст овардам. То Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия якуним соли дигар мондааст. Бинобар ин мо тамоми қувваро барои омодагӣ ба Олимпиадаи 31-ум сафарбар мекунем.”

 Дилшод Назаров дар бораи нақшаҳои худ дар Соли нави 2015 чунин гуфт:

“Дар Соли нави 2015 барои ман мусобиқаи аслӣ қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки моҳи август дар Пекин баргузор мешавад, ҳисоб меёбад. Ҳамчун яке аз масъулони соҳаи варзиши кишвар ҳаминро гуфтаниям, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои варзишӣ барномаи омодагии номзадҳо ба аъзогии мунтахаби Тоҷикистонро ба Олимпиадаи Бразилия таҳия намудааст, ки барои 15 нафар маблағгузории вижа карда мешавад. Ин маросим, ки дар арафаи Соли нав баргузор шудааст, мехоҳам ҳамватанони худ ва ҳамаи ҳаводорони варзишро бо фарорасии Соли нави мелодии 2015 табрик намуда, барояшон тансиҳатӣ, хушбахтӣ, сулҳу осоиш ва некрӯзӣ орзу намоям. Аз онҳо хоҳиш дорам ба варзишгарони мо мухлисӣ кунанд ва мо мекӯшем, ки ба бовариашон сазовор бошем.”

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.