Торнамои ФФТ акнун бо забони тоҷикӣ ҳам дастрас аст

Дар арафаи соли нави мелодӣ Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) қарор кард, ки ба ҳаводорону мухлисони футбол тӯҳфаи арзандае тақдим созад. Бино ба иттилои ФФТ, бо ин мақсад, дизайни торнамоии расмӣ –  www.fft.tj  навоварӣ шуда, дар он фасли нав бо забони тоҷикӣ илова шуд. «Дизайни нави торнамои ФФТ, новобаста аз он ки истифодакунанда хонандаи доимист ва […]

ASIA-Plus



Дар арафаи соли нави мелодӣ Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) қарор кард, ки ба ҳаводорону мухлисони футбол тӯҳфаи арзандае тақдим созад.

Бино ба иттилои ФФТ, бо ин мақсад, дизайни торнамоии расмӣ – 

www.fft.tj

 навоварӣ шуда, дар он фасли нав бо забони тоҷикӣ илова шуд.

«Дизайни нави торнамои ФФТ, новобаста аз он ки истифодакунанда хонандаи доимист ва ё бори аввал торнаморо варақ мезанад, хеле оддӣ ва мувофиқу роҳат аст. Мухлисон метавонанд, ахбори барояшон лозимаро, саривақт ва бе душворӣ аз торнамои расмии ФФТ пайдо кунанд», – омадааст дар иттилои ФФТ.

Гуфта мешавад, дар арафаи соли нав роҳандозӣ шудани сайти нави Федератсияи футболи Тоҷикистон тасодуфӣ нест, зеро ин ид вежагиҳои худро дорад ва ҳар яки мо умед дорем, ки соли нав беҳтару комёбтар аз пешин бошад.

Зимнан зикр мегардад, ки суроғаи сайти расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон дигар нашудаст: 

www.fft.tj

.

Ёдовар мешавем, ки сайти ФФТ соли 2012 роҳандозӣ шуда, то имрӯз танҳо бо забони русӣ фаъолият дошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.