Буҷети Суғд дар соли 2015 қариб 1,3 млрд. сомониро ташкил медиҳад

Дар ҷараёни иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати чорум ҳисоботи раиси вилоят доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 11 моҳи соли равон шунида шуда, масъалаҳои қабули буҷети вилоят барои соли 2015, номузории иншоот ва тасдиқи қарорҳои Раиси вилоят баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, вобаста ба […]

ASIA-Plus



Дар ҷараёни иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати чорум




ҳисоботи раиси вилоят доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 11 моҳи соли равон шунида шуда, масъалаҳои қабули буҷети вилоят барои соли 2015, номузории иншоот ва тасдиқи қарорҳои Раиси вилоят баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, вобаста ба буҷети давлатии вилоят сардори Сарраёсати молияи вилоят баромад намуда, зикр дошт, ки қисми даромади буҷети вилоят барои соли оянда 1 миллиарду 292 миллиону 850 ҳазор сомонӣ қабул карда шавад, ки ин нисбати буҷети соли 2014 15,8 дарсад зиёд мебошад.

Гуфта мешавад, дар қисми хароҷоти буҷет асосан ба дастгирии соҳаи иҷтимоии вилоят аҳмияти авалиндараҷа дода шуда, ба ин самт 82 фоизи маблағҳо равон карда хоҳад шуд, аз ҷумла ба соҳаи маориф 595,8 миллион сомонӣ, тандурустӣ 304,3 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 6,9 миллион сомонӣ ва ғайра.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.