Абдуҷаббор Аҳмедов, ки нимаи моҳи сентябр
худсарона
мансаби котиби якуми ташкилоти вилоятии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ишғол намуда буд, аз сафҳои ҳизб хориҷ шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Ҳизби коммунист хабар дод, дар анҷумани пешазинтихоботии ҳизб санаи 27-уми декабр бо пешниҳоди раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов бо дастгирии шумори зиёди вакилон А.Аҳмедов аз сафҳои ҳизб хориҷ карда шудааст.
Ёдрас мекунем, ки санаи 21-уми ноябр
котиби ҲКТ, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» иттилоъ дода буд, ки мансаби котиби аввали бахши ҲКТ дар вилояти Суғд аз ҷониби нафаре бо номи Абдуҷаббор Аҳмедов худсарона ишғол шудааст, ки тайи панҷ-шаш соли ахир ба Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) ҳеҷ муносибате надошт.



