Соли нав аҳолии минтақаҳо бо барқ таъмин мешаванд



Соли нав интиқоли нерӯи барқ ба аҳолии Тоҷикистон бидуни маҳдудият ба роҳ монда мешавад.

Аз ширкати «Барқи тоҷик» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки аз соати 6-и субҳи рӯзи 31-уми декабр то соати 23-и рӯзи 1-уми январ аҳолӣ шабонарӯзӣ, бидуни маҳдудият бо барқ таъмин карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар Тоҷикистон аввали моҳи октябр ҷорӣ гардида, айни замон аҳолии дехоти кишвар муддати 6-7 соат дар як шабонарӯз бо нерӯи барқ таъминанд. 

spot_imgspot_img

Популярное