Кормандони мақомоти милисаи пойтахт ба гумони даст доштан дар ғорати
нуқтаи интиқоли маблағҳои пулии
«Бонки Эсхата» воқеъ дар кӯчаи Дониши пойтахт сокинони шаҳри Душанбе – Фаридун Азизови 20-сола ва Амрулло Ризвоншоеви 23-соларо боздошт намуданд.
Аз Раёсати корҳои дохилии пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки рӯзи 23-юми декабр боздоштшудагон шабона дару тирезаи филиали бонкро шикаста, вориди бино мешаванд ва сейфи оҳанӣ бо ду муҳри расмии бонк, як адад флеш-корт бо маълумоти бонкӣ ва дигар ҳуҷчатҳоро бо худ мебаранд. «Нисбати боздоштшудагон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад», – гуфт манбаъ.



