Ш.Саид: Ояндаи наздик Тоҷикистон кишвари рушдёфта шуда метавонад



Раиси Палатаи савдо ва саноат (ПСС)-и Тоҷикистон Шариф Саид бар ин назар аст, ки дар сурати истифодаи оқилонаи имконот, ояндаи наздик Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои рушдёфтаи ҷаҳон табдил ёфта метавонад.

«Аз нигоҳи захираҳои табиӣ Тоҷикистон хеле бой буда, онҳо то ҳол истифода нашудаанд», – гуфт раиси ПСС Тоҷикистон зимни нишасти хабарии имрӯза.

Шариф Саид дар навбати аввал имконоти гидроэнергетикии ҷумҳуриро қайд карда, изҳор дошт, ки айни замон ҳамагӣ 5%-и он мавриди истифода қарор гирифтааст ва «ин ҳам дар ҳолест, ки бозорҳои бузурги фурӯши нерӯи барқ дар ҳамсоягӣ, кишварҳое чун Афғонистону Покистон ва Эрон мавҷуданд».

«Бо бунёди иқтидорҳои гидроэнергетикӣ мо ҷумҳуриро пурра бо нерӯи барқ таъмин намуда, барқи зиёдатиро ба хориҷи кишвар содирот мекунем. Гузашта аз ин, муҳайё шудани иқтидорҳои нав ба сохтмони корхонаҳои гуногуни саноатӣ мусоидат менамояд», – гуфт ӯ.

Раиси ПСС Тоҷикистон ҳамчунин ба имконоти Тоҷикистон дар бахшҳои саноати сабук ва истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ низ ишора кард. «Дар кӯҳҳои мо тамоми навъҳои сангҳои қиматбаҳову металлҳо маҳфуз буда, қариб тамоми ҷадвали Меделеев зери пои мо қарор дорад. Барои истифодаи тамоми боигариҳои кишвар заминаи ҳуқуқӣ муҳайё буда, моро танҳо кор кардан зарур аст», – иброз дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Шариф Саид ба даст кашидан аз содироти ашёи хом даъват карда, чунин мешуморад, ки «ба ин васила мо на ба нафъи Тоҷикистон, балки ба манфиати кишварҳои дигар кор мекунем».

Роҳбари Палата бахусус аз содироти алюминии аввалия ва нахи пахта нигарон аст. «Бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёди корхонаҳои муосир дар қаламрави кишвар зарур аст, ки ашёи хомро то маҳсулоти ниҳоии рақобатпазир коркард кунанд», – афзуд номбурда.

spot_imgspot_img

Популярное