Дастури нахуствазир ҷиҳати рафъи мушкилот дар нақби «Истиқлол»



Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода имрӯз бо ҷараёни идомаи корҳои сохтмонӣ дар нақби «Истиқлол» воқеъ дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд аз наздик ошно гардид.

Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нахуствазир ба сохтмончиён оид ба суръатбахшии корҳо дар иншоот, саривақт дастрас шудани масолеҳу техника ва ҳамчунин рафъи ҳарчи зудтари мушкилоти ҷрйдошта дар иншоот дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ба гуфтаи манбаъ, Қоҳир Расулзода имрӯз дар идома бо рафти корҳои сохтмону таъмир ва азнавсозии роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент ва ҷараёни истихроҷу коркарди тилло дар корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Тоҷикистону Чин дар Панҷакент низ шинос мешавад.

Зимнан зикр гардид, ки ғайр аз ин, нахуствазир ба маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Панҷакент низ ҳусни оғоз мебахшад.

spot_imgspot_img

Популярное