Тавлидгарони маводи ғизойӣ ба меъёри «ҳалол» мегузаранд



Дар Тоҷикистон шумори корхонаҳое, ки маҳсулоташонро мутобиқи меъёри «ҳалол» истеҳсол, коркард, нигаҳдорӣ ва ба фурӯш мегузоранд, рӯ ба афзоиш мениҳад.

Директори Агентии «Тоҷикстандарт» Бахтиёр Шукурзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки соли гузашта дар 16 корхонаҳои кишвар меъёри «ҳалол» ҷорӣ гардида, айни замон дар Агентӣ пешниҳоди боз 3 корхонаи дигар ҷиҳати гузаштан ба ин меъёр мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ба қавли Шукурзода, талаботи меъёри ҳалол хеле шадид аст. «Маҳсулоти корхонаҳои тибқи ин меъёр фаъолиятдошта аз ҷониби кормандони Агентӣ, ки дар муассисаҳои таълимии Малайзия, Туркия ва Ҳиндустон давраҳои омӯзиширо гузашта, соҳиби сертификатҳо шудаанд, санҷишу баҳогузорӣ мешавад», – иброз дошт ӯ.

Ҷаноби Шукурзода таъкид дошт, ки ба комиссияи бахогузорӣ ба ин навъи маҳсулот ходимони дин низ шомиланд.

Номбурда ҳамчунин гуфт, заминаи меъёриву ҳуқуқӣ барои фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли маводи ғизойӣ тибқи ин меъёр солҳои 2011-2012 фароҳам гардида буд.

spot_imgspot_img

Популярное