Омӯзгори факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав барои қаллобӣ ба ҳабс гирифта шуд.
Аз Раёсати зиддифасоди вилояти Хатлон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки омӯзгор Раҷабмурод Ҳусейнов дар 18 далели қаллобӣ гумонбар дониста мешавад. «Соли 2013 ӯ ба якчанд нафар довталабон мусоидат намудан барои қабул ба донишгоҳро ваъда кардааст», – гуфтанд дар раёсати мазкур, лекин оид ба ҳаҷми маблағи азхудкардаи омӯзгор бо ин роҳ маълумот дода нашуд.
Ба иттилои манбаъ, нисбати Ҳусейнов мутобиқи моддаи 247, қ. 4 (Қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.
Тибқи маълумоти Раёсати зиддифасоди вилоят, соли гузашта аз ҷониби кормандони соҳаи маориф 40 ҷинояти гуногун содир гардидааст.



