Баррасии мероси зеҳнӣ ва сиёсии Суҳроб Шарипов дар Душанбе

Нимаи дуюми имрӯз, 27 январ маҳфили коршиносони Осиёи Марказӣ «Рушди авруосиёӣ» дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Суҳроб Шарипов дар ҳаёти зеҳнӣ ва сиёсииТоҷикистони муосир» мизи гирд барпо мекунад. Аз маҳфили коршиносони Осиёи Марказӣ «Рушди авруосиёӣ» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ба чорабинии мазкур кормандони сохторҳои давлатӣ, коршиносони масоили сиёсӣ ва намояндагони ВАО […]

ASIA-Plus



Нимаи дуюми имрӯз, 27 январ маҳфили коршиносони Осиёи Марказӣ «Рушди авруосиёӣ» дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Суҳроб Шарипов дар ҳаёти зеҳнӣ ва сиёсииТоҷикистони муосир» мизи гирд барпо мекунад.

Аз маҳфили коршиносони Осиёи Марказӣ «Рушди авруосиёӣ» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ба чорабинии мазкур кормандони сохторҳои давлатӣ, коршиносони масоили сиёсӣ ва намояндагони ВАО даъват карда шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 20 январ яке аз арбобони сиёсии саршиноси Тоҷикистони муосир, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, собиқ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Суҳроб Шарипов аз олам даргузашт.

«Тӯли ҳаёти пурмаҳсул зимни фаъолият ҳам бо сохторҳои давлативу ҳам ғайридавлатӣ ва ҳамчунин ташкилотҳои байнулмилалӣ Суҳроб Шарипов аз худ мероси ғаниву бузурги зеҳнӣ ва сиёсӣ боқӣ гузошт. Иштирокдорони чорабинӣ моҳияту нақши ин мерос барои имрӯз ва дурнамои Тоҷикистону минтақаи Осиёи Марказиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳанд», – гуфт манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?