Бори нахуст вакилон барои шарҳи муҳтавои паёми президент ба минтақаҳо намераванд

Тӯли солҳои истиқлолияти кишвар бори нахуст вакилони палатаи поёнии парлумон баъди ироаи паёми президент барои шарҳи муҳтавои он ба минтақаҳои ҷумҳурӣ раҳсипор намегарданд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар ин робита иттилоъ дод, чунин сурат гирифтани кор қабл аз ҳама ба он вобаста аст, ки ваколати намояндагони мардумии парлумони […]

Аваз Юлдошев



Тӯли солҳои истиқлолияти кишвар бори нахуст вакилони палатаи поёнии парлумон баъди ироаи паёми президент барои шарҳи муҳтавои он ба минтақаҳои ҷумҳурӣ раҳсипор намегарданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар ин робита иттилоъ дод, чунин сурат гирифтани кор қабл аз ҳама ба он вобаста аст, ки ваколати намояндагони мардумии парлумони даъвати кунунӣ дар арафаи анҷомёбист ва дар маъракаи интихоботии санаи 1-уми март номзадии аксари вакилони парлумони ҳозира пешбарӣ нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, вакили палатаи поёнии парлумони кунунӣ, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов, ки тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ номзад ба парлумони оянда низ пешбарӣ шудааст, ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дар ҷараёни маъракаи пешазинтихоботии худ ва вохӯриҳо бо интихобкунандагон ба шарҳу тавзеҳи бандҳои паёми президент ба парлумон таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки аз 63 нафар вакилони даъвати ҳозираи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон 18 нафарашон ният доранд, ки дар парлумони оянда низ соҳиби ваколати намояндаи мардумӣ гарданд.

Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхати ҳизбӣ намояндагони ҲХДТ – Низом Қосим, Хайриниссо Юсуфӣ, Бибидавлат Афзалшоева, Олимҷон Сафаров ва Дилшод Исматуллоев, Ҳизби коммунист – Шодӣ Шабдолов ва Исмоил Талбаков, Ҳизби аграрӣ – Зайниддин Сафаров ва ҲНИТ – Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ такроран номзад ба вакилӣ пешбарӣ шудаанд.

Аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ вакилони даъвати кунунӣ – раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров, вакилон Олим Салимзода, Шарофиддин Сироҷов, Маҳмадалӣ Ватанов, Сафаралӣ Раҷабов, Бадриддин Садриддинов, Акрамшо Фелалиев ва Нурулло Оқилзода ба курсиҳои парлумонӣ дар даъвати ояндаи Маҷлиси намояндагон довталабӣ мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?