КМИР ҳайати нозирон аз АБП ИДМ-ро ба қайд гирифт

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон санаи 26-уми январ ҳайати нозирон аз кишварҳои узви Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ)-ро дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон расман ба қайд гирифт. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин ҳайати иборат аз 15 нафар нозиронро дабири кулли АБП ИДМ Алексей […]

ASIA-Plus



Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон санаи 26-уми январ ҳайати нозирон аз кишварҳои узви Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ)-ро дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон расман ба қайд гирифт.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин ҳайати иборат аз 15 нафар нозиронро дабири кулли АБП ИДМ Алексей Сергеев роҳбарӣ мекунад.

Зимнан зикр гардид, ки ба ҳайати мазкур ҳамчунин муовини дабири кулли АБП ИДМ Ион Липчигу, директори Пажуҳишгоҳи байнулмилалии мониторинги рушд ва демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандони кишварҳои узви АБП ИДМ Андрей Баранов низ шомиланд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?