Давоми як шабонарӯз кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ се нуқтаи фурӯши маводи нашъаоварро нобуд сохтанд, дар натиҷа нашъаҷаллобон боздошт шуданд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, кормандони Шуъбаи Байниноҳиявии Гурӯҳи Ноҳияҳои Кулоби Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб сокини маҳаллиро боздошт намуданд, ки аз ӯ бастаи героин дарёфт гардид. Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки боздоштшуда қаблан ду маротиба бо моддаи 200 қ. 3 КҶ ҶТ (“Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори калон”) суд шуда будааст.
Гуфта мешавад, аз тарафи кормандони Шуъбаи байниноҳиявии Зарафшони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳри Панҷакент ба гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ду сокини маҳаллӣ дастгир карда шуданд, ки аз онҳо маводи нашъаовари афюн ошкор ва мусодира гардид. Ҳангоми гузаронидани амалҳои тафтишотӣ муайян гардид, ки яке аз боздоштшудагон якчанд сол қабл дар қаламрави кишвари ҳамсоя барои даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар маҳкум шуда будааст.
Зимнан зикр мегардад, ки кормандони Раёсати Сайёри Оперативии Агентӣ дар шаҳри Душанбе сокини ноҳияи Рӯдакиро боздошт намуданд, ки дар дохили автомашинаи “Опел-Астра” афюн ошкор ва мусодира гардид. Кормандони оперативӣ муайян намуданд, ки соҳиби автомобил қаблан бо моддаи 147 КҶ ҶТ (“Вайрон намудани дахлнопазирии манзил”) суд шуда будааст.

