Иштироки табибони мунтахабҳои футболи Тоҷикистон дар конфронси КФО

Духтурони мунтахабҳои Тоҷикистон Фаррух Авезов (тими миллӣ) ва Абдусаттор Қаландаров (мунтахаби ҷавонон) дар конфронси тиббии Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) иштирок хоҳанд кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, Конфронси 5-уми тиббии Конфедератсияи футболи Осиё аз 2 то 4 апрел дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон баргузор мешавад. Гуфта мешавад, мавзӯҳои асосии ин конфронси серӯза ташхис […]

ASIA-Plus



Духтурони мунтахабҳои Тоҷикистон Фаррух Авезов (тими миллӣ) ва Абдусаттор Қаландаров (мунтахаби ҷавонон) дар конфронси тиббии Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) иштирок хоҳанд кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, Конфронси 5-уми тиббии Конфедератсияи футболи Осиё аз 2 то 4 апрел дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, мавзӯҳои асосии ин конфронси серӯза ташхис ва табобати ҷароҳат ва касалиҳои варзишӣ, чорабиниҳои зиддидопингӣ, инчунин ҳолатҳои аз задан ист кардани дили футболбозон мебошанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар конфронси тиббии КФО, ки дар меҳмонхонаи «Jw Marriott New Delhi Aerocity» баргузор мешавад, садҳо нафар намояндагони кишварҳои Осиё ширкат хоҳанд варзид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер