АНМН: Боздошти нашъаҷаллобони қаблан маҳкумшуда

Давоми як шабонарӯз кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ се нуқтаи фурӯши маводи нашъаоварро нобуд сохтанд, дар натиҷа нашъаҷаллобон боздошт шуданд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, кормандони Шуъбаи Байниноҳиявии Гурӯҳи Ноҳияҳои Кулоби Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб сокини маҳаллиро боздошт намуданд, ки […]

ASIA-Plus



Давоми як шабонарӯз кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ се нуқтаи фурӯши маводи нашъаоварро нобуд сохтанд, дар натиҷа нашъаҷаллобон боздошт шуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, кормандони Шуъбаи Байниноҳиявии Гурӯҳи Ноҳияҳои Кулоби Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб сокини маҳаллиро боздошт намуданд, ки аз ӯ бастаи героин дарёфт гардид. Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки боздоштшуда қаблан ду маротиба бо моддаи 200 қ. 3 КҶ ҶТ (“Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори калон”) суд шуда будааст.

Гуфта мешавад, аз тарафи кормандони Шуъбаи байниноҳиявии Зарафшони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳри Панҷакент ба гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ду сокини маҳаллӣ дастгир карда шуданд, ки аз онҳо маводи нашъаовари афюн ошкор ва мусодира гардид. Ҳангоми гузаронидани амалҳои тафтишотӣ муайян гардид, ки яке аз боздоштшудагон якчанд сол қабл дар қаламрави кишвари ҳамсоя барои даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар маҳкум шуда будааст.

Зимнан зикр мегардад, ки кормандони Раёсати Сайёри Оперативии Агентӣ дар шаҳри Душанбе сокини ноҳияи Рӯдакиро боздошт намуданд, ки дар дохили автомашинаи “Опел-Астра” афюн ошкор ва мусодира гардид. Кормандони оперативӣ муайян намуданд, ки соҳиби автомобил қаблан бо моддаи 147 КҶ ҶТ (“Вайрон намудани дахлнопазирии манзил”) суд шуда будааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер