Кумитаи забон акнун дурустии номи ширкатҳои ҳавопаймоиро месанҷад

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ ба санҷиши дурустии истифодаи забони тоҷикӣ дар ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон – «Сомон Эйр», «Тоҷик Эйр» ва ҳамчунин ширкати сайёҳии «Скай тур» оғоз мекунад. Раиси Кумитаи мазкур Гавҳар Шарофзода зимни нишасти хабарӣ дар робита ба саволи журналистон оид ба ҷавобгӯ будани номи ширкатҳои ҳавопаймоии зикршуда ба меъёрҳои қонун «Дар […]

Мавзуна Абдуллоева



Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ ба санҷиши дурустии истифодаи забони тоҷикӣ дар ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон – «Сомон Эйр», «Тоҷик Эйр» ва ҳамчунин ширкати сайёҳии «Скай тур» оғоз мекунад.

Раиси Кумитаи мазкур Гавҳар Шарофзода зимни нишасти хабарӣ дар робита ба саволи журналистон оид ба ҷавобгӯ будани номи ширкатҳои ҳавопаймоии зикршуда ба меъёрҳои қонун «Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон» зикр кард, ки алҳол Кумита ба ин масъала машғул нашуда, соли равон аз ҳисоби намояндагони Прокуратураи генералӣ, Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизиону радио ва мутахассисони Кумита ҷиҳати омӯзиши масъалаи аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоӣ муайян кардани бренди худ бар асоси шартномаи байнулмилалӣ ё мустақилона номгузорӣ шудани ширкатҳо комиссия таъсис дода мешавад.

«Бо тавсияи Кумита як қатор кошонаҳои ҳусн ва нуқтаҳои хӯроки умуми пойтахт номҳои худро иваз карданд, аз ҷумла «Изумруд» – «Зумрат», «Хюрем» – «Хуррам», қахвахонаи «Kinto» – «Қутайси», тарабхонаи хӯроки гурҷии «Shisha» – «Шиша» ва «Питсерия вохӯрӣ» – «Ошхонаи вохӯрӣ» номгузорӣ шуданд», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи раиси Кумита, соли гузашта Кумита ба 231 ширкат тавсия дод, ки бинобар сабаби ба талаботи қонунгузорӣ ҷавобгӯ набудани номҳояшон, онро иваз кунанд ва 56-тои онҳо аллакай ин тавсияро иҷро намудаанд.

«Соли 2014 барои риоя накардани меъёрҳои қонун «Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон» ва мутобиқи моддаи 89-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ,19 нафар шахсони воқеъиву ҳуқуқӣ ҷаримабандӣ шуданд, ки маблағи умумии ҷаримаҳо 81 ҳазору 200 сомониро ташкил дод», – афзуд Гавҳар Шарофзода. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер