Путин: Содироти силоҳро густариш хоҳем дод

Дар нишасти комиссияи ҳамкориҳои техникӣ-низомии Русия президенти ин кишвар Владимир Путин гуфтааст, соли 2014 Русия ҳамчун яке аз кишварҳои пешрафтаи содиркунандаи аслиҳаву муҳимот ва таҷҳизоти низомӣ бо зиёда аз 60 кишвари ҷаҳон дар ин бахш муомилот дошта, ҳаҷми даромад аз содироти аслиҳаву таҷҳизот ва техникаи ҳарбӣ ба беш аз 15 млрд. доллари ИМА расидааст. Бино […]

ASIA-Plus



Дар нишасти комиссияи ҳамкориҳои техникӣ-низомии Русия президенти ин кишвар Владимир Путин гуфтааст, соли 2014 Русия ҳамчун яке аз кишварҳои пешрафтаи содиркунандаи аслиҳаву муҳимот ва таҷҳизоти низомӣ бо зиёда аз 60 кишвари ҷаҳон дар ин бахш муомилот дошта, ҳаҷми даромад аз содироти аслиҳаву таҷҳизот ва техникаи ҳарбӣ ба беш аз 15 млрд. доллари ИМА расидааст.

Бино ба иттилои радиои эронии Садои Хуросон бо истинод ба хабаргузории ИРНА, сарвари давлати Русия ёдовар шудааст, ки айни замон  беш аз 80 кишвари ҷаҳон шарики Русия дар арсаи ҳамкориҳои фаннӣ-низомӣ ҳастанд.

«Дар ин шароит ҳузури худро дар бозори таслеҳотии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором, Африқо, Амрикои Лотин густариш хоҳем дод», – иброз доштааст Владимир Путин.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер